Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сарояндаи навраси операи тоҷик Шоҳрух Юнусов дар озмуни байнулмилалии сурудҳои туркӣ, ки рӯзҳои 15-21-уми июни соли ҷорӣ дар Туркия доир гардид, пирӯз гардид.
Тавре модари сароянда Нигора Юнусова мегӯяд, дар озмун сарояндагон аз 130 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, он дар се давр баргузор шудааст. Дар давраи авал иштирокчиён ба 6 гурӯҳ тақсим шуда, Шоҳрухи 12-сола дар гурӯҳи худаш ғолиб дониста шудааст. «Шоҳрух даври дуввумро низ муваффақона паси сар намуда, бо 11 нафар сарояндаи дигар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва дар давраи ниҳоӣ ҳайати ҳакамон мақоми аввалро ба сарояндаи ҷавони тоҷик сазовор донистанд», - изҳор дошт ӯ.
Модар сароянда ҳамчунин афзуд, ки дар давраи ниҳоӣ Шоҳрух дар ҳузури 25 ҳазор тамошобин бо шумули намояндагони мақомоти раҳбарии давлати Туркия ҳунарнамоӣ кардааст.
Шоҳрух Юнусов аз синни 4-солагӣ ба сарояндагӣ машғул аст. Солҳои 2007-2008 ӯ ду маротиба «Шоҳҷоиза»-и ҷашнвораи байнулмилалӣ миёни кӯдакони «Донак»-ро соҳиб шудааст. Соли 2008 ӯ ҳамчунин дар ҷашнвора-озмуни «Русская песня» дар Хуҷанд низ пирӯз дониста шуд.
Соли 2010 овозхони навраси тоҷик ба дипломи дараҷаи аввали Озмуни байнулмилалии наврасони «Sanremo Junior» сазовор дониста шуда, дар ҷашнвораи умумиҷумҳуриявии «Бутоны искусства» ғолибият ба даст овард.
Шоҳрух Юнусов унвони «ДИПЛОМАНТИ Озмуни байнулмилалии мусиқӣ миёни кӯдакони «Витебск-2009»-ро соҳиб аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста