Ташкилоти ҷамъиятии «Спешиал Олимпикс Тоҷикистан», Алянси ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон, Маркази таълимии «Мултикид» ва ташкилоти ҷамиятии «Маркази миниатюраи тасвирии «Мино» нахустин клубҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон гардиданд.
Рӯзи ҷумъа, 2-юми сентябр раиси Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО Кароматулло Олимов ба сарварони ин ташкилотҳо гувоҳномаи ЮНЕСКО-ро тақдим кард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО иттилоъ доданд, бо дарёфти ин мақом ташкилотҳои номбурда ихтиёран ба худ ӯҳдадорӣ гирифтаанд, ки тамоми идеалҳои ЮНЕСКО-ро дар фаъолияти ҳамарӯзаашон тарафдорӣ карда, ҳамкории дуҷонибаро бо ин Созмони бонуфузи байналмилалӣ тақвият мебахшанд. Дар баробари ин, ташкилотҳои номбурда кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО-ро дар ҷумҳурӣ тавсеа бахшанд.
Минбаъд клубҳои ЮНЕСКО бо Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар ҳамкории зич қарор гирифта, лоиҳаву барномаҳои якҷояро дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф таҳия мекунанд.
Қобили зикр аст, ки ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО соли 1947 дар Ҷопон ташкил гардида, айни ҳол дар тамоми ҷаҳон беш аз 4000 клуб, асотсиатсия ва марказҳои ЮНЕСКО фаъолият мекунанд. Мақсади асосии Клубҳои ЮНЕСКО ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии муқарраркардаи ин Созмон ба ҳисоб рафта, онҳо дар Оинномаи ЮНЕСКО дарҷ гардидаанд. Мусоидат ба пойдории сулҳ тавассути ҳамкории миллатҳо дар бахшҳои маориф, илм ва фарҳанг ҷиҳати таъмини эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, сарфи назар аз ҷинс, эътиқод, забон ва ғайра аз ҷумлаи ин ҳадафҳоянд, ки дар Оинномаи СММ низ қайд гардидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста