Бо қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар вилояти ҷашни Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилоти Суғд иттилоъ доданд, чорабинии мазкур бо мақсади шинохти тамаддуни миллӣ, адабиёти классикӣ ва намояндагони он, тарғиби осори ниёгон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию ватандорӣ доир мегардад.
Ба иттилои манбаъ, барои дар амал татбиқ намуданни қарори мазкур ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани чорабиниҳои ҷашнӣ дар маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳо шӯъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вобаста карда шудаанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои баргузор намудани Рӯзи Рӯдакӣ, шинохти ҳаматарафаи қофиласарои назм, поягузори адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тадбирҳои амалӣ хоҳанд андешид.
Бояд қайд намуд, ки то ҷашн дар қаламрави вилоят ташкили сӯҳбату мулоқотҳои олимону адибон дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳо оид ба нақш ва таъсири осори устод Рӯдакӣ дар рушди адабиёт дар назар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста