Дар Тоҷикистон барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 таҳия гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Музафар Азизов хабар дод, барномаи мазкур бо супориши ҳукумати кишвар тайёр карда шудааст.
«Дар чаҳорчӯби барнома беш аз 35 адад ёдгориҳои бостоншиносиву меъмории воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон таъмиру аз нобудшавӣ эмин ва эҳё мегарданд», - гуфт Азизов.
Ба қавли номбурда, барои амалисозии барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои сармоягузорӣ дар ҳаҷми 50 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. «Айни замон барнома дар ҳукумат мавриди баррасӣ қарор дошта, ояндаи наздик тасдиқ мегардад», - афзуд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз нимаи солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон тадриҷан муҷассамаҳои даврони шӯравӣ барканда шуда, ба ивази онҳо муҷассамаҳои фарзандони барӯманди миллат қомат афрохтанд. Мавриди зикр аст, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Хоруғ муҷассамаи доҳии пролетариати ҷаҳон Ленин барканда шуда, ҷойи онро муҷассамаи асосгузори давлатдории тоҷикон Исмоили Сомонӣ гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста