Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ҳақмузди актёрони куҳансолро ним баробар кам кард. Агар онҳо қаблан ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми 300 сомонӣ ҳақмузд мегирифтанд, пас айни замон он то ба 150 сомонӣ кам карда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин иқдом баҳри ҷалби ҳунармандони ҷавон ба театр пеш гирифта шуда, ҳаҷми ҳақмузди онҳо зиёд шуд. «Хатмкардагони Донишкадаи ҳунарҳои зебо ба театрҳо ба кор намераванд, чунки музди меҳнат онҳоро қонеъ намесозад. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки ҳақмузди актёрони синнусоли аз 70-сора боло 50% кам гардида, музди меҳнати актёрони ҷавон ба ҳисоби миёна то 550 сомонӣ расонида шавад», - гуфтанд дар вазорат.
Зикр гардид, ки актёрони куҳансол барои иҷрои нақшҳо дар намоишномаҳои театрӣ дар ҳаҷми пурра гонорар хоҳанд гирифт. «Албатта, актёрони ҷавон базудӣ актёрони куҳансолро иваз карда наметавонанд, вале минбаъд онҳо бояд ҳунармандони пешсафи театрҳо шаванд», - хабар дод сарчашма.
Дар ҳамин ҳол, актриса Нисо Маҳмадҷонова дар рбита ба ин масъала изҳор кард, ки нисбати онҳо чунин амал таҳқир аст. Ба гуфтаи ӯ, истеъдодҳое ба монанди Хайрӣ Назарова, Носир Ҳасанов ва дигарон тамоми умр бахри рушди театри тоҷик кӯшиш ба харҷ додаанд.
«Кормандони театр шахсони хеле зудранҷанд ва чунин қарорҳо метавонад ба саломатии онҳор зараровар бошад», - гуфт ӯ.
Номбурда илова кард, ки дар театри ба номи Лоҳутӣ, ки дар он бештар актёрони куҳансол фаъолият доранд, метавонист ин мушкилотро дар дохили театр ҳал намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста