Бо ташаббуси Иттифоқи миллии нависандагони Украина ва ҳамкории бевоситаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ва Шӯрои диаспораи тоҷикони Украина дар толори бошукӯҳи Иттифоқи миллии нависандагони кишвари иқомат рӯнамоии китоб бо номи “Климко” баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, китоби мазкур аз забони украинӣ ба забони тоҷикӣ бо қалами нависандаи шинохтаи тоҷик Абдулҳамид Самад дар арафаи ҷашни 80-солагии зодрӯзи нависандаи маъруфи Украина, муаллифи он Григор Тютюнник (1931–1980), тарҷума шудааст.
Дар ҷамъомад намояндагони сершумори аҳли илму адаб, воситаҳои ахбори омма, кормандони Сафорат ва намояндагони диаспораи тоҷикони муқими Украина иштирок намуданд.
Ҳозирин аз дӯстии анъанавии халқҳои Тоҷикистону Украина, ҳусни тафоҳуми мутақобила ва ҳамкории судманди миёни ҳарду кишвар сухан карданд. Баромадкунандагон аз тарҷумаи китоб бо забони тоҷикӣ, хидмати бузург ва арзандаи тарҷумони китоб, нависандаи шинохтаи тоҷик изҳори сипос гуфта, ҳамзамон ӯро пайвандгари адабиёт ва фарҳангу маданияти миёни хонандагони муосири Украина ва Тоҷикистон номбар карданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов дар баромади худ аз иштирокдорон барои қадрдонӣ нисбати нависандаи тоҷик изҳори миннатдорӣ намуда, ҳозиринро бо талошҳои рӯзмарраи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди адабиёти муосир, илму фарҳанг ва ривоҷи муносибатҳои дуҷонибаи фарҳангию гуманитарӣ миёни кишварҳо дар 20 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ошно сохт.
Қобили зикр аст, ки нависандагони тоҷик якчанд асарҳои нависандагони украиниро ба забони тоҷикӣ тарҷума намудаанд, ки онҳо хонандаи тоҷикро бо адабиёту фарҳанги кишвари иқомат бештар шинос мекунанд. Дар ин замина тасмим гирифта шудааст, ки робитаҳои мустақими иттиҳодияҳои эҷодии ду кишвар ба роҳ монда шаванд ва асарҳои барҷастаи шоирону нависандагони кишварҳо ба забонҳои якдигар тарҷума гарданд. Бо ин мақсад, Иттифоқи миллии нависандагони Украина дар оянда таҳия ва омода намудани лоиҳаи созишномаи дуҷонибаро миёни иттифокҳои нависандагони Тоҷикистону Украина пешниҳод кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста