Моҳи январи соли 2012 дар нашриёти мисрии Дору-л-фикри-л-арабӣ дар шаҳри Қоҳира нашри дуюми китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони арабӣ дар 3 ҷилд ба табъ расид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доанд, нашри аввали китоб ҳанӯз соли 2009 дар нашриёти мазкур бо теъдоди 1500 нусха нашр шуда, маросими тақдими он дар ҳошияи саммити 15-уми давлатҳои адами тааҳҳуд дар Шармушшайх моҳи июли соли 2009 бо иштироки Сарвари Тоҷикистон Э. Раҳмон баргузор гардида буд.
Китоб аз ҷониби олимони шинохтаи Миср, устоди Донишгоҳи Айн Шамс доктор Макорим ал-Ғамрӣ (ҷилди 1) ва устоди Донишгоҳи Қоҳира доктор Абдулваҳҳоб Аллуб (ҷилди 2 ва 3) дар зери назари Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар ба забони арабӣ тарҷума шудааст.
Шоистаи ёдоварист, ки тарҷума ва нашри сегонаи китоби Президент Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони арабӣ дар шиносонидани таърихи кӯҳан ва фарҳанги асили тоҷикон дар ҷаҳони араб дорои аҳамияти фавқулода мебошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста