Чанде қабл дар шаҳри Париж зери манораи Эйфел бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия дар якҷоягӣ бо диаспораи тоҷик дар Фаронса ва Иттиҳодияи фаронсавии «Наврӯз» Иди байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Белгия хабар доданд, дар ин чорабинӣ намояндагони диаспораҳои Афғонистон, Ҳиндустон ва Эрон бо ҳамроҳии намояндагони сафорати Тоҷикистон ҷашни Рӯзи байналмилалии Наврӯзро таҷлил карданд. «Намояндагон ва сайёҳоне, ки ба тамошои манораи Эйфел ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори дунё меоянд, шоҳиди ин иди бошукуҳ гардиданд», - гуфтанд дар сафорат.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти чорабинӣ Раиси ассотсиатсияи «Journée Internationale de Norouz», узви ҷамъияти «Пайванд», профессори Донишгоҳи Париж ва маркази тадқиқотии «Кюри» Масъуди Миршоҳӣ ба хозирин, ки теъдоди онхо аз се ҳазор зиёд буд, оид ба таърихи пайдоиши Наврӯз, расму русум, урфу одат, тарзи ҷашнгирии он ва либосҳои миллии кишварҳои номбурда маълумот дод. «Инчунин дар ҷараёни таҷлили ҷашн намоиши сарулибоси миллии минтақаҳои кишварҳои дар боло зикргардида ба маърази тамошобинон гузошта шуд», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки ҷамъомадагон аз фарҳанги куҳани ҷашни Наврӯз, ки зиёда аз 300 миллион нафар аҳолии рӯйи заминро муттаҳид месозад, бо камоли майл изҳори хушнудӣ карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста