Дар майдони маҷмааи мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб ба маблағи 100 ҳазор доллари ИМА корҳои таъмиру таҷдид ба анҷом расонида шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармеъмори шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов хабар дод, ин корҳо дар доираи марҳилаи аввали омодагӣ ба таҷлили ҷашни 700-солагии файласуфи машҳури тоҷику форс, рӯҳонии маъруф ва олим Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки соли 2014 баргузор мешавад, ба иҷро расидаанд.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар мақомоти дахлдор як қатор пешниҳодоти Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба барқарор ва рушди иншооти зербинои иҷтимоии минтақа дар робита ба ин ҷашн мавриди ҳаллу фасл қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов дар робита ба ин масъала гуфт, ӯ бо сафири Эрон дар Тоҷикистон аллакйа ду вохӯрӣ доир карда, оид ба тамоми масоили марбут ба ин ҷашн тавофуқи усулӣ ҳосил шудааст.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз олимони бузурги фалсафа, илоҳиёт, адиби ширинсухани форсу тоҷик ва Ҳинду Покистон ба шумор меравад. Ӯро дар мамолики Машриқзамин бо номҳои дигар низ аз қабили Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпушт, Мири Сиёҳпушт, Ҳазрати Амирҷон ёдовари мекарданд. Дар Тоҷикистони мо, хоса вилояти Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа аз рӯи муҳаббати бепоёну самимӣ ӯро Ҳазрати Амирҷон ном мебаранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста