Ахири ҳафтаи гузашта дар назди бинои Конгресси ИМА Ҷашнвораи анъанавии мероси Осиё (Asian Heritage Festival) доир гардид.
Диаспораҳои сершумори зодагони Осиё, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иқомат доранд, ба сокинону меҳмонони пойтахти Амрико намунаҳои фарҳанги ғании худ – сарулибос, рақсу суруди миллӣ, офаридаҳои ҳунармандону косибон ва ғизои миллиро пешкаш намуданд.
Дар ҷашнвораи мазкур диаспораи тоҷикони Амрико иштиоки фаъол дошт. Ассотсиатсияи чанде қабл таъсисёфтаи тоҷикистониёни Амрико (People of Tajikistan in America) дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон дар ИМА як гӯшаи махсуси Тоҷикистонро ташкил намуданд.
Тамошогарони зиёде имкон пайдо карданд, ки дар ин гӯша бо асбобҳои мусиқӣ, маснуъоти косибони ҳунармандон, сарулибоси миллӣ ва адабиёти тоҷикон аз наздик ошноӣ пайдо кунанд. Фаъолони Ассотсиатсия аз субҳ то шом тамошогаронро истиқбол намуда, ба онҳо дар бораи кишвари хурди кӯҳии мо маълумоти муфассал ва ба суолҳои сершуморашон посух доданд.
Рақси миллии хотирмони ҳамватани мо Парвина Мирҳоҷӣ дар партави қасри Капитолий ҳеҷ яке аз ҳозирон дар ҷашнвораро бетараф гузошта натавонист!



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Фируз14 июн, 2012 21:38
чиба овоз надорад дар ракс?