Имрӯз дар Русия ҷашни зодрӯзи Пушкин ва Рӯзи забони русӣ таҷлил мегардад. Дар ин санаи соли 1799 дар Маскав асосгузори забони адабии рус Александр Сергеевич Пушкин ба дунё омадааст.
Дар Русия рӯзи пушкинӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Соли 2011 президенти Русия дар бораи ҳамасола дар санаи 6-уми июн ҳамчунин ҷашн гирифтани Рӯзи забони русӣ фармон ба имзо расонид.
Дар чаҳорчӯби барномаи дастгирӣ ва рушди чандзабонӣ ва гуногуншаклии фарҳангӣ Рӯзи забони русӣ ҳамчунин дар Созмони Милали Муттаҳид таҷлил мегардад.
Имрӯз дар Тоҷикистон низ ҷашни зодрӯзи шоири бузурги рус ва Рӯзи забони русӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон, намояндагии мақомоти ҳамкории Русия дар ҷумҳурӣ ва Вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистону Русия дар театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Маяковский бо иштироки ҳунарпешаи Филармонияи давлатии Маскав, Ҳунарпешаи халқии Русия Рафаэл Клайнер таҳти унвони «Россия-Пушкину» консерти ҷашнӣ созмон медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста