Сафорати Русия дар Тоҷикистон шоми назми форсӣ бахшида ба ҷашни 80-умин солгарди устод Мӯъмин Қаноат дар шаҳри Маскавро, ки ахири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, нодида гирифт.
Тавре Иттифоқи тоҷикистониёни Русия хабар медиҳад, махсус барои иштирок дар ин ҷашн сафири Қазоқистон дар ЮНЕСКО Олжас Сулаймон аз Париж ва Зинаида Андреева - қаҳрамони достони "Сурӯши Сталинград" аз шаҳри Волгоград ба Маскав омадаанд.
«Зинаида Андреева аз номи маъмурият ва Палатаи ҷамъиятии шаҳри Волгоград мактубҳои табрикотӣ ва изҳори миннатдорӣ ба шоирро овард», - зикр мегардад дар хабар.
Гуфта мешавад, шоирро бо ин ҷашн сафири Ирон дар Русия Сайидмаҳмуд Ризо Саҷҷодӣ, шоир ва нависандаи арманӣ Глан Онанян, шоираи маъруфи рус Татяна Кузовлева, шоири гурҷӣ Александр Эбанаидзе, шоири озарӣ Илҳом Бадалбоев, адабиётшиноси маъруф, профессори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Русия Лола Саломатшоева ва Инна Ростовсева табрик гуфтаанд. Инна Ростовсева расман шоирро ба Донишкадаи адабии ба номи Горкий барои баргузории машғулиятҳо даъват кард.
Ҳамчунин Мӯъмин Қаноатро раиси диаспораи афғонҳои муқими Русия доктор Яфталӣ, раиси диаспораи қирғизҳо Ҷамила Бегиева ва диаспораи юнониҳо Павлос Арзуманидис низ табрик карданд. Ба ин табрикот ҳамчунин донишҷӯёни тоҷики муқими Маскав низ ҳамроҳ шуданд.
«Сабаби нодида гирифтани таҷлили ҷашни Мӯъмин Қаноат ва дар робита ба ин беэҳтиромӣ нисбат ба устод аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Русия барои мо маълум нест», - гуфтанд дар Иттифоқи тоҷикистониёни Русия.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста