Дар шабакаи иҷтимоии интернетии Facebook як гурӯҳ намояндагони Тоҷикистон бо изҳори ниграонӣ аз вазъи синамои тоҷик ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд.
Дар ин робита филми коргардон Ҷамшед Усмонов «Биҳишт фақат барои мурдагон аст», ки дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ наворбардорӣ шудааст, ба сифати намуна оварда мешавад. Муаллифони муроҷиатнома мегӯянд, рақамҳои автомашинаҳо ба макони наворбардории филм далолат мекунанд.
«Дар ин филм лаҳзаҳои муносибати маҳрамонаи марду зан вуҷуд доранд, ки ба фарҳангу ахлоқи мардуми тоҷик созгор нест ва ҳунарпешае, ки нақши зани тоҷикро бозидааст, аслан хориҷӣ аст», - омадааст дар мактуби фейсбукчиён.
Ба андешаи муаллифони мактуб, дар филм моҳияти мушкилот ва роҳҳои ҳалли он номафҳум буда ё онҳо нодуруст пешниҳод шудаанд.
«Мо, як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дархост мекунем, ки намоиши ин филм дар тамоми кишварҳо манъ карда шавад, - гуфта мешавад дар муроҷиат. – Аз вазири фарҳанг хоҳиш дорем, ки ба ин масъала бетаваҷҷуҳ набошанд».
Узви Шӯрои илмии Донишгоҳи байнулмилалии Мустафо (Эрон) Саидюнус Истаравшанӣ низ зери ин муроҷиат имзо гузошта, мегӯяд, «ин филм ба меъёрҳои ахлоқу маънавиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик мухолиф аст».
Филми «Биҳиш фақат барои мурдагон аст» соли 2005 ба навор гирифта шуд. Дар филм ҳамчунин овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Ҷонибек Муродов низ нақш офаридааст. Дар мусоҳибаҳои худ ба хабаргузориҳо дар робита ба ин масъала Ҷонибек гуфтааст, «ӯ он замон беақл буда, ба суханони коргардон роҷеъ ба зарурати ҷой доштани чунин лаҳзаҳо дар филм бовар кардааст».




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста