Бо ёрии гранти Шуъбаи сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии ИМА ва Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиеи Марказӣ (ХАООМ) барномаи 14-моҳа оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ ва такмили дониш дар соҳаи ҳуқуқ оғоз мегардад.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чорчӯби ин барнома филми хунарии иборат аз 10 қисми 40-дақиқагӣ ба навор бардошта, пахш карда мешавад. Филми ҳунарӣ дар бораи зиндагии ҳимоячие, ки дар деҳоти Тоҷикистон зиндагиву кор ва ҳуқуқҳои аҳолии камбизоатро ҳимоя мекунад, ҳикоят. Дар сериал масъалаҳои маъмулии ҳуқуқии кишвар, аз ҷумла ҳуқуқ ба алиментҳо, ақди никоҳ байни ноболиғон, хушунат дар оила, ҷинояткорӣ байни ҷавонон, ҳуқуқи мерос, нашъаҷаллобӣ, фасод ва ғайра дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Ҳар як қисм аз рӯи ҳодисаҳои воқеӣ, ки ҳуқуқшиносон бо онҳо дучор омадаанд, ба навор гирифта мешавад. Барои ҳам таълимӣ ва ҳам ҷолиб намудани филм дар он ҳунармандони корозмуда ширкат меварзанд. Ҳар як қисм шарҳи қонунҳо ва асосҳои ҳуқуқро дарбар мегирад, ки дар филм инъикос мегарданд.
Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ DVD-ҳоро бо сабти филми ҳунарӣ ба минтақаҳои деҳоти кишвар, ба донишгоҳҳо, мактабҳо, китобхонаҳо ва ба идораҳои хифзи тартиботи ҷамъиятӣ тақсим мекунад ва сериали телевизиониро барои доир намудани муҳокимаҳо дар Донишгоҳи Исломӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон истифода мебарад. Баъди намоиши филмҳо мумайизҳо дар соҳаи ҳуқуқ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳуқуқшиносони барномаи ХАООМ «Баробарӣ дар назди қонун. Дастрасӣ ба адолати судӣ» ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ музокирот доир менамоянд, ки дар рафти онҳо донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳои дунявӣ ва динӣ оид ба роҳҳои ҳал намудани масъалаҳои дар сериал дарҷёфта мунозира мекунанд ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии дар сериал овардашударо пешниҳод мекунанд.
Барномаи Шуъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ фаъолияташро баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ ва расонидани кӯмак ба шаҳрвандон дар дастрасӣ ба адолат дар чорчӯбаи барномаи «Баробарӣ дар назди қонун. Дастрасӣ ба адолати судӣ», ки аз ҷониби Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ пешниҳод шудааст ва бо дастгирии Ҳукумати Финляндия соли 2011 оғоз ёфтааст, мукаммал ва васеъ мегардонад.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастгирии худро ба мардуми Тоҷикистон идома медиҳад. Аз соли 1992 ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба маблағи зиёда аз 984 млн. доллари амрикоӣ ба барномаҳои мустаҳкам намудани соҳаҳои ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва амният, болоравии иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон ҷудо кардааст.



"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста