Дар шаҳри Москва, дар Кохи фарҳанги Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, 21-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таҷлил гардид.
Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Россия, дар даромадгоҳи Кохи фарҳанг гурӯҳи карнаю сурнайнавозон ва доирадастон бо оҳангу садоҳои дилошӯб меҳмонон - сафирону роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими ш. Москва, роҳбарону намояндаҳои ниҳодҳои расмии Федератсияи Россия, аз ҷумла роҳбарону кормандони вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат, тоҷикистониёни муқими Россия, сарварону намояндагони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни кишвари иқомат, кормандони расонаҳои хабариро пешвоз гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, зимни суханронӣ дар ин маросим сафири Тоҷикистон дар Россия Абдулмаҷид Достиев аз раванди дастёбии Тоҷикистон ба истиқлолият, аҳамияти он пас аз 11 асри бедавлатӣ, мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ёриву мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳи Мустақил (ИДМ) ва бахусус Федератсияи Россия ёдовар шуд.
Сипас Андрей Иванович Денисов – муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия ҳамаи тоҷикистониёнро бо 21-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфт. Ӯ аз душвориҳо ва гирудорҳои солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон, саъю кӯшишҳо ҷиҳати ба эътидол овардани авзоъ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр кард: «Маҳз хиради таърихии мардуми тоҷик бойис шуд, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот барқарор гардад».
Дар анҷоми маросим ба ҳозирин барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста