Гурӯҳи ҳунарии Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар ҷашнвораи якуми байнулмилалии театрии «Ҷаҳони Исобеков» (Мир Исабекова) иштирок мекунад. Ин ҷашнвора аз 10 то 17-уми октябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Дастгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов хабар дод, гурӯҳи ҳунармандони театри Маяквский бо спектакли «Транзитный пассажир» дар таҳияи Ҳунарешаи шоиста Тоҷикистон Мунира Додобоева ба ҷашнвора мераванд.
Ба гуфтаи вай, соли гузашта муаллифи пйеса мазкур Дулат Исобеков дар нахустнамоиши спектакли «Транзитный пассажир» дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба заҳмати коргардон баҳои шоиста дод.
Қобили зикр аст, ки ҷашнвораи мазкур ба ҷашни 70-умин солгарди драматурги маъруфи қазоқ ва Дорандаи Ҷоизаи давлатии Қазоқистон Дулат Исобеков бахшида шудааст.
Фаъолияти Театри драмавии русии ба номи Маяковский моҳи ноябри соли 1937 оғоз гардида, соли 1940 ба он номи В.Маяковский гузошта шуд. Дар муддати тамоми фаъолият дар ин театр ба сурати умум беш аз 400 спектаклҳо дар мавзӯъ ва жанрҳои гуногун рӯйи саҳна омадаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста