Ҳунармандони Театри давлатии мусиқиву драмаи ба номи Меҳрубон Назаров дар Фестивали IV-уми байнулмилалии театри кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаато ширкат меварзанд. Дар ин чорабинӣ театр спектакли «Ишқи парӣ» аз рӯйи асари ҳамноми Тоҳир Маҳмадризоевро намоиш медиҳад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муаллифи пйеса ва сармутахассиси Раёсати ҳунари Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Тоҳир Маҳмадризоев хабар дод, ин сафари нахустини театр ба ҷашнвораи байнулмилалӣ тайи 20 соли ахир буда, барои сафар вазорат ва ҳукумати ВМКБ 30 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд.
Ба қавли ӯ, ҳунарнамоии актёрони тоҷик дар Алмаато санаи 24 уми октябр дар назар буда, дар фестивал ҳамчунин театрҳои Қирғизистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ иштирок мекунанд. «Ман шахсан спектаклро дар иҷрои ҳунармандони театри Хоруғ тамошо карда, заҳмати коргардон Умед Хусравовро қаноатбахш арзёбӣ менамоям», - гуфт муаллифи пйеса.
Номбурда зикр кард, ки фестивал то 27-уми октябр идома ёфта, дар он театрҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ беҳтарин спектаклҳои худро дар тӯли се соли ахир ба маърази тамошо мегузоранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста