Рӯзи 7 ноябри соли 2012 дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов маросими ҷашни Рӯзи театри тоҷик барпо гашт.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғоз Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи театри тоҷик табрик гуфт.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими тӯҳфасупорӣ Вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ ба зиёда аз 100 нафар ҳунарманд ва корманди театрҳои ҷумҳурӣ нишони «Аълочии фарҳанги ҶТ», ифтихорнома ва мукофоти пулӣ супурд.
Зимнан зикр гардид, ки бахшида ба рӯзи театр бори аввал ба тамошобинон намоишномаи нави театри ҷавонони пойтахт ба номи М. Воҳидов «Поёни шаби сиёҳ сафед аст» дар таҳияи ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров намоиш дода шуд. Дар доираи барномаи тантанавӣ ҳамзамон намоишгоҳи эҷодиёти Рассоми шоистаи Тоҷикистон Янтобте Маҳмадқулов низ баргузор шуд.
Қобили зикр аст, ки Рӯзи театри тоҷик дар ҷумҳурӣ ҳамасола 7-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад. Ин сана соли 1997, пас аз қабули қонун «Дар бораи фарҳанг» таъсис дода шуд. Айни замон дар Тоҷикистон 17 театр фаъолият дорад, ки 6-тои онҳо дар пойтахт қарор доранд.
Театри касби тоҷик соли 1924 таъсис ёфтааст. Аввалин дастаи театрии миллӣ дар назди маъмурияти «Хонаи деҳқон» соли 1927 бо роҳбарии Ҳаким Карим таъсис ёфт, ки «Кружоки мусиқию драмавӣ» ном дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста