Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои адибони кишвар таҳти унвони «Китоби сол-2012» озмуни нахустини ҷумҳуриявӣ эълон кард.
Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории Озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, мазмуну мӯҳтавои онҳо мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишварро дар бар гирифта, ба завқи алоқамандони каломи бадеъ созгор афтанд ва дар дили хонанда оташи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, обу хоки кишварро барафрӯзанд. Асарҳо ҳамчунин бояд бо ороишоти хуб муқовабандӣ шуда бошанд.
Ба иттилои манбаъ, дар озмун ҳамаи муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки китобҳояшон тайи соли 2012 дар муассисаҳои нашриявии Тоҷикистон нашр шудаанд, ҳуқуқи иштирок кардан доранд. «Маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир шартҳои асосии озмун маҳсуб меёбанд», - гуфтанд дар Вазорати фарҳанг.
Зимнан зикр гардид, ки ғолибон аз рӯи номинатсияҳои ду китоби беҳтарини назм, ду китоби беҳтарини наср, ду китоби беҳтарини назму насри бачагона ва ду китоби беҳтарини тарҷумаи назму наср муайян карда мешаванд. Барои ғолибон мутаносибан аз рӯйи мақоми ишғолкарда дар ҳаҷми аз 500 то 1500 сомонӣ мукофотпулӣ ва диплому ифтихорномаҳо пешбинӣ шудаанд.
Муассисаҳои нашриявие, ки китобҳои ғолибонро ба табъ расонидаанд, бо ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мукофотонида мешаванд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста