Ба муносибати ҷашни 70-солагии Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ҳунарманд калиди манзили дуҳуҷрагӣ дар маркази шаҳри Хуҷандро инъом кард.
Чанде қабл ба ин муносибат дар Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ барпо гардид. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода соҳибҷашн, Ҷӯрабек Муродовро бо ҷашни милод ва панҷоҳсолагии фаъолияти эҷодиаш аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсан худаш табрику таҳният гуфта, ба ӯ тансиҳативу хотирҷамъӣ ва барори эҷоду сарбаландӣ таманно кард. Раиси вилоят дар хусуси саҳми Ҷӯрабек Муродов дар тарғиби санъати тоҷик сухан ронда, ишонро ҳофизи миллии халқи тоҷик номид.
Ёдрас мекунем, ки аз Маскав Ҳунарпешаи Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон, сароянда ва оҳангсоз Юрий Антонов, Ҳунарпешаи халқии Русия Александр Серов ва ҳамчунин сароянда ва оҳангсози саршиноси озарбойҷонӣ Пӯлод Бюл-Бюл оғлӣ ба табрики ҳунарманди маъруфи тоҷик омаданд.
Ҷӯрабек Муродов 24 декабри соли 1942 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Овозхон, мутриб ва оҳангсози тоҷик (тенори лирикӣ), Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шўравӣ (1979). Соли 1962 Институти давлатии омўзгории шаҳри Ленинобод (Хуҷанди имрўза)-ро хатм кардааст. Аз соли 1963 солисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон.
Ҷӯрабек Муродов ҳунари мутрибӣ ва овозхониро дар овони хурдсолӣ аз волидайн ва бародараш, баъдтар аз мероси ғании овозхонҳои машҳури кишвар Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов, Акашариф Ҷўраев ва Боймуҳаммад Ниёзов баҳра бурдааст. Ҷӯрабек Муродов аз ҷумлаи овозхонҳоест, ки ҳам дар сабки мусиқии классикӣ, ҳам сурудҳои мардумӣ ва инчунин таронаҳои муосир қуввасанҷӣ намуда комёб ҳам шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста