Чанде қабл дар Осорхонаи миллии шаҳри Исломободи Покистон Гушаи миллии Тоҷикистон ботантана ифтитоҳ гардид. Дар ин маросими тантанавӣ сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Покистон, тоҷикони муқими Исломобод, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва хабарнигорон иштирок доштанд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Гӯшаи миллии Тоҷикистон дар қисмати марказии Осорхона, дар шафати гушаҳои кишварҳои дигари узви ИДМ ҷой дода шудааст. Иқдоми мазкур бо иштироки фаъолонаи Сафорат ва дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки ба таври ройгон намунаҳои фарҳанг ва таърихи тоҷиконро ирсол намудааст, амалӣ карда шуд.
Дар намоиш экспонатҳои гуногун, аз ҷумла намунаҳои фарҳангу санъати тоҷикӣ, ки маҳсули эҷоди ҳунармандони бомаҳорати Тоҷикистон буда, хусусиятҳои миллӣ ва зебогии табиати Тоҷикистонро таҷассум месозанд, ба намоиш гузошта шуданд.
Сафир Зубайдулло Зубайдов зимни баромади худ ба Директори осорхонаи миллӣ ва намояндагони Вазорати фарҳанги Покистон барои мусоидат дар ифтитоҳи Гушаи миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки ин иқдом ба инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона, аз ҷумла ҳамкориҳои фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.
Директори Осорхонаи миллии Покистон Холид Ҷовид ифтитоҳи Гӯшаи миллии Тоҷикистонро дар осорхонаи мазкур як воқеаи муҳим дар муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дӯст арзёбӣ намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста