Чанде қабл дар Хонаи адибони шаҳри Душанбе ҷашни 80-умин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, сохторҳои гуногуни давлатӣ, вакилони парлумон, олимону зиёиён, рӯзноманигорон ва ҳаводорони эҷодиёти шоир ширкат варзиданд.
Вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ зимни суханрониаш зикр кард, ки дар радифи Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигар устодони сухан Қутбӣ Киром низ дар рушди адабиёту фарҳанги муосири тоҷик саҳми арзанда дорад.
Шоирон Мӯъмин Қаноат, Гулназар Келдӣ ва дигарон аз осори баландмазмуни шоир ва лаҳзаҳои хотирмони фаъолият бо Қутбӣ Киром ёдовар шуданд. «Шеъри «Бӯи нон»-и шоир, ки ним аср пеш эҷод шудаасту дар он бо як эҳсоси махсус гуруснагӣ ва азияти солҳои ҷанг таҷассум ёфтаанд, то ҳол беҳтарин шеъри тоҷикӣ боқӣ мемонад», - гуфт Мӯъмин Қаноат.
Дар чорабинӣ ҳамчунин ҳунарпешагони маъруфи кишвар Ҷӯрабек Муродов, Раҳматулло Ҳошимов, Хурсандмурод Зарифов, Афзалшо Шодиев ва дигарон иштирок карда, табъи ҳозиринро бо оҳангҳо ба матни ашъори шоир болида гардониданд.
Ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов қисматеро аз спектакл аз рӯи пйесаи Қутбӣ Киром «Торҳои муҳаббат» намоиш доданд, ки ба ҳаёту эҷолиёти шоири шаҳир Нақибхон Туғрал бахшида шудааст.
Тӯли кору зиндагӣ Қутбӣ Киром (1932-1995) ба унвонҳои Шоири халқӣ ва Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Ӯ муаллифи даҳҳо маҷмӯаҳо буда, тарҷумаи асарҳои Уилям Шекспир, Михаил Лермонтов, Николай Некрасов, Сергей Есенин, Александр Блок ва дигар шоирону нависандагони хориҷӣ ба забони тоҷикӣ ба қалами ӯ таалллуқ доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста