Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, айни замон дар низоми вазорат ҳудуди 500 нафар кормандони синнусоли нафақа машғули кор буда, аз ин шумор аз шурӯъ аз ахири моҳи декабри соли гузашта то имрӯз 141 нафарашон аллакай аз мансаб сабукдӯш карда шудаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд, ба сафи нафақахӯрони аз мансаб сабукдӯшшуда танҳо кормандони низоми техникии вазорат шомиланд. «Дар робита ба ғайриимкон будани ивази кормандони эҷодии синнусоли нафақа мо ба Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат дар ин хусус нома фиристода, тавзеҳ додем, ки дар сурати аз кор озод кардани онҳо, ба фаъолияти театру дигар муассисаҳои фарҳангӣ метавонад халали ҷиддӣ ворид гардад, вале то ҳанӯз ба ин нома посух нагирифтаем», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳар ҳол, дар мақомоти раҳбарии сатҳи факулта ва кафедраҳои Донишкадаи ҳунар тағйироти кадрӣ ба вуқӯъ хоҳад пайваст. «Ин роҳбарон фаъолияти худро ба сифати омӯзгорони қаторӣ идома хоҳанд дод, то ки ҷараёни таълим бомаром сурат бигирад», - гуфт сарчашмаи хабар.
Зимнан зикр гардид, ки дар вазорат ба иҷрои супориш муваззафанд ва минбаъд кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки дар бархӯрд бо ин масъала ба тарзи инфиродӣ ба ҳар як нафар муносибат намоянд.
Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар робита ба супориши Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат бобати қатъи қарордод бо нафақахӯрон изҳор намуд, ки сарфи назар аз синнусол, кормандони бахши маориф аз вазифаҳояшон барканор карда намешаванд.
Дар навбати худ, муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди президенти ҶТ Грез Қосимов изҳор намуд, ки мақомоти раҳбарии сохторҳои давлатӣ ба барканории нафақахӯрон аз мансаб бидуни мувофиқа бо онҳо ҳуқуқ доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста