Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзощоҳрух Асрорӣ зимни конфронси матбуотӣ изҳор намуд, ки дар анборҳои вазорат китобҳои тайи чанд соли ахир нашршуда ба маблағи 5 млн. сомонӣ ҷамъ шудаанд.
Ба қавли вазир, як ҳафта пеш оид ба ин масъала дар вазорат ҷаласа доир гардида, ҷиҳати дарёфти воситаҳои фурӯши ин китобҳо бо ҷалби мутахассисон ва кӯмаки ҳукумати кишвар қарор қабул гардидааст.
«Мушкили асосӣ дар он аст, ки имрӯз мардум ба хониши китоб таваҷҷуҳ надоранд. Барои ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас ба мутолиаи китоб вазорат ҳамасола ярмаркаҳои китобу озмунҳо мегузаронад, вале аз он ҳам натиҷаи хубе ҳосил намешавад», - гуфт М.Асрорӣ.
Номбурда таъкид дошт, ки имрӯз ҷавонон бештар ба китобҳои электрониву интенет рӯ овардаанд, вале ҳеҷ чизе баҳра бурдан аз хондани китоби чопиро иваз карда наметавонад.
«Баъзан аз муносибати мардум ба китоб дар ҷомеаи мо ба ҳайрат меоям. Дар кишварҳои дигар мардум аз ярмаркаҳо бо як даста китобҳои харида ба хона бармегарданд. Дар ҷомеаи мо чунин чорабиниҳо қариб ҳеҷ натиҷае намедиҳанд», - иброз дошт вай.
Вазири фарҳанг ҳамчунин зикр кард, ки нархи китобҳои дар анбор хобида он қадр зиёд набуда, қобили қабул аст. «Минбаъд вазорат бо назардошти натанҳо имкони молиявӣ, балки дархосту завқи мардум низ китобҳо ба табъ хоҳад расонид», - афзуд М.Асрорӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста