Бунёди байнулмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон мавсум ба “Ҳафт Пайкар”, ки аз сӯи тарроҳи маъруфи тоҷик Мукаррама Қаюмова таъсис шудааст, соҳиби хонаи виртуалии худ гардид.
Бино ба иттилои Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», «Ҳафт Пайкар», ки дар соҳаи дӯзандагии Тоҷикистон бо истифода аз омезиши услубҳои замонавию қадимаи миллӣ дар тавлидоташ маъруф аст, торнигори расмии худро боз кард. Хонаи интернетии Бунёди мазкур бо истифода аз пойгоҳи маъруфи – Вордпресс сохта шуда, нишониаш чунин аст: www.7paykar.wordpress.com.
Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон мавсум ба «Ҳафт Пайкар» ҳамқадам бо таърихи истиқлоли давлатии кишвар сабти ном шудаву, акнун аз фаъолияти густурдаи он 20 сол сипарӣ мегардад. Аз он замон то ба имрӯз дастони моҳиру пурэъҷози бонувони “Ҳафт Пайкар” ҳазорон нақшҳои ҳайратовар ва маҳсулоти зебову ҷаззоб офаридаанд.
“Ҳафт Пайкар” дигар ба брэнде табдил гардидааст, ки бидуни он даҳҳо ҷашнвораву намоишгоҳҳоро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар тасаввур кардан имконнопазир аст. Мукаррама Қаюмова, муассис ва раҳбари бунёд, мегӯяд, аз он ифтихор дорад, ки маҳсули ранҷи дастони занони ҳамкори ӯ Тоҷикистонро ҳар сол дар даҳҳо намоишгоҳу чорабиниҳои милливу байнулмилалӣ бо муваффақият намояндагӣ мекунад.
Торнигор дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сохта ва тарроҳӣ шудаааст. Барномаи мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария (СЕКО) аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат амалӣ мегардад.
Торнигор бо се забон – инглисӣ, тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст. Дар он метавон оид ба таъриху дастовардҳои ширкат ва маҳсулоту хадамоташ иттилоъ дарёфт ва ҳамзамон пас аз шиносоӣ бо мушаххасоти вижаи ҳар маҳсулоти пешниҳодие метавон онро фармоиш дод.
Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсозии содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад. Ин тарҳ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария тавассути Идораи давлатии он кишвар дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста