Таҳти сарварии Ҳунарманди халқии Русия Виктор Шемшур Сирки давлатии Маскав бо барномаи нав ба Душанбе меояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори сирки давлатии Тоҷикистон Ҷамолиддин Муҷиддинов хабар дод, ҳунармандони сирки Маскав дар ҳайати 40 нафар ҳамарӯза барномаи 2-соатаи рангин пешкаш хоҳанд кард. «Аз баргузории намоиши аввали ҳунуармандони сирки Маскав рӯзи 17-уми феврал интизорӣ рафта, дар маҷмӯъ онҳо муддати як моҳ дар Тоҷикистион қарор хоҳанд дошт», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, дар намоишномаҳо масхарабозони номиву акробатҳо ва гимнастҳо ширкат варзида, аксари намоишномаҳо бо 45 навъи ҳайвоноти хонагиву ваҳшӣ доир мегарданд, ки барои онҳо дар сирк ҷойҳои махсус омода шудаанд. «Ба ин намоишномаҳо хоҳишмандон аллакай метавонанд билетҳо дастрас кунанд ва арзиши билет аз 15 то 50 сомониро ташкил медиҳад», - иброз дошт номбурда.
Директори сирки Тоҷикистон ҳамчунин изҳор намуд, ки барномаи ҳунармандони сирки Маскав дар доираи ҳамкориҳои муштараки сиркҳои Тоҷикистону Русия доир гардида, ба наздикӣ ҳунармандони сирки тоҷик низ ба тамошогарони Русия барномаи худро пешкаш хоҳанд намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста