Барои саҳми босазо дар рушди зеҳнии ҷомеаи муосир ва дастовардҳои назаррасӣ касбӣ Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ба мукофоти байнулмилалии «INTELLECT OF NATION» (Хиради миллат) шарафёб гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Афзалшо Шодиев шахси сеюмин дар таърихи Тоҷикистон аст, ки бо чунин мукофот сарфароз гардонида мешавад. То ин замон ба ин мукофот ҳунармандони саршинос Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев соҳиб гардида буданд.
Рӯзи 22-юми феврал дар маросими қабули ботантанаи роҳбарияти Конгресси байнулмилалии саноатчиён ва соҳибкорон – пешвоёни тиҷорату илм ва фарҳанг оид ба тақдими мукофотҳо ба ҷоизадорони байнулмилалӣ дар доираи барномаи байнулмилалии «Пешвоёни асри XXI» ин мукофот ба ҳунарманд тақдим хоҳад шуд.
Афзалшо Шодиев соли 1962 дар ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, соли 1979 мактаби миёнаро хатм ва ҳамон сол ба Донишкадаи ҳунарҳои ба номи Мирзо Турсунзода қабул мешавад. Соли 1983 пас аз хатми донишкада дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор шурӯъ менамояд.
Афзалшо Шодиев дорандаи Ҷоизаи ба номи комсомолии ленинӣ (соли 1989), Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон (соли 1993) ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон (соли 2008) аст.
Ҳамчунин дорандаи Ҷоизаи «Семирамида-2000» дар Ироқ ва Ҷоизаҳои гуногун дар ИМА, Олмон, Италия, Фаронса, Русия, Эрон ва Яман низ мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста