Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон миёни адибон ва муҳаққиқони бахши адабиётшиносӣ барои дарёфти ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ озмун эълон кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд, давраи интихобии озмун ба итмом расида, имрӯз раёсат номинант (довталабони)-и озмунро эълон хоҳад кард ва сипас то моҳи сентябри соли ҷорӣ асарҳои тайи солҳои 2011-2012 нашршудаи адибону муҳаққиқон дар васоити ахбори умум мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегиранд. «Асарҳоро ҳамчунин коршиносону мунаққидони адабӣ низ мавриди баррасиву таҳлил қарор дода, тақризҳои онҳо дар ВАО ба чоп хоҳад расид», - гуфтанд дар ИНТ.
Ба иттилои манбаъ, ба даври интихобии озмун ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Садои Шарқ», нашриёти «Адиб» ва шуъбаҳои Иттифоқи нависандагон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ номзадҳои худро пешниҳод намуда, шумори мушаххаси довталабон ҳанӯз маълум нест.
Қобили зикр аст, ки ба адибону муҳаққиқони ба ҷоизаи мазкур соҳибгардида Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон диплом ва 1000 доллари ИМА мукофотпулӣ тақдим мекунад. Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ соли 1988 таъсис дода шуда буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста