Ахири ҳафтаи гузашта дар Лондон роҳбарияти Осорхонаи Британия нусхаҳои 6 нигораи Хазинаи Амударёро (лавҳаи чоркунҷаи тилоӣ (Rectangular gold plaque), хотамкории ҳайкалчаи нуқрагин (Chased silver statuette), диски тилоӣ барои сару либос (Gold disc clothing appliqué), унсури тилоии гирдшакл барои сару либос (Circular gold costume-fitting), табақи тилоии гирдшакл (Circular gold plaque ornament), ки ҳамчун тӯҳфа ба Осорхонаи Миллии Тоҷикистон омода гардидаанд, дар ҳузури кормандони ин осорхона ба сафири Тоҷикистон Эркин Қосимов супорид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот изҳори умедворӣ карда шуд, ки ин нигораҳои мансуб ба таърихи қадимаи тоҷикон дар Осорхонаи Миллии Тоҷикистон ҷойи арзандаи худро пайдо мекунанд.
Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои барпо намудани робитаҳои корӣ байни Осорхонаи Британия ва осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардиданд. Аз ҷумла, Сафир хоҳиш намуд, ки барои омӯзиш ва боло бардоштани донишу малакаи кормандони Осорхонаи Миллии кишварамон осорхонаи мазкур кумак намояд. Оид ба ин масъала кормандони осорхона изҳор намуданд, ки аз бунёди Осорхонаи Миллӣ дар Тоҷикистон хушҳол буда, омодаанд то ба он ҷиҳати ба таври лозима ба роҳ мондани фаъолияташ кумак расонанд.
Бояд зикр кард, ки Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ тайи чанд соли охир барои аз осорхонаи мазкур дастрас намудани нусхаи нигораҳои Хазинаи Амударё бо роҳбарият ва кормандони он дар тамоси доимӣ буд.
Хазинаи Амударё яке аз коллексияҳои арзишманд ва муҳими Осорхонаи Британия ба шумор рафта, дорои 180 нигораи нуқрагину тиллоии марбут ба давраи Ҳахоманишиҳо ва баъдӣ (асрҳои 6-2 пеш аз милод) мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста