Дар ҷаласаи Шӯрои ҳакамони Озмуни XX-уми байнулмилалии «Ҳунари китоб» (Искусство книги»)-и кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 24-уми май дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир гардид, китоби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ «Хазинаи тилоии тоҷикон» дар номинатсияи «Арт-книга» беҳтарин эътироф гардид.
Қобили зикр аст, ки ин китоб ба ҳунари нотакрори меъмориву наққошӣ ва санъати дастии тоҷикон дар асрҳои гузашта ва имрӯз бахшида шудааст. Бахшҳое аз китоб намунаи ҳунарҳои «Хазинаи Ому», «Роҳи бузурги абрешим», наққошӣ, миниётураҳо, заргарӣ, кандакорӣ, кулолӣ, ҳунари тарроҳиву тасвирӣ, меъморӣ, либосҳои миллӣ, гулдӯзӣ, созҳои мусиқии асрҳои гузашта ва дигар намунаҳои санъати амалӣ ва ороишии мардуми тоҷикро дар бар мегирад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори нашриёти «Ирфон» Ҷӯра Шарифов хабар дод, озмун аз рӯи ҳафт номинатсия баргузор шуда, дар он беҳтарин китобҳои аз ҷониби нашриёти кишварҳои узви ИДМ чопшуда ба маърази тамошо гузошта шуданд.
«Ин китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, чинӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ нашр шуда, барои он Ҳамрохон Зарифӣ бо медали тиллоии ЮНЕСКО сарфароз гардонида шуд»,- иброз дошт Шарифов.
Ба қавли ӯ, дар номинатсияи «Илм, фарҳанг ва маориф» китоби «Наврӯзнома»-и Умари Хайём (бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисӣ), ки аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба табъ расидааст, ба мақоми сеюм сазовор дониста шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста