Чанде қабл шоири саршиноси тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт Бозор Собир аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ватан баргашт.
Бино ба иттилои шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон, шоир муддати ду даҳсола дар ИМА иқомат дошта, охирин гурезаи ҷанги шаҳрвандист, ки ба ватан баргаштааст.
Дар фурудгоҳи пойтахт Бозор Собирро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, дӯстону ҳамқаламон ва рӯзноманигорон пешвоз гирифтанд.
Дар мусоҳиба ба шабакаҳои телевизион шоир изҳор намуд, ки бо даъвати президент ӯ якумра ба ватан баргашта, ҳамчунин таъкид дошт, ки ҳоло ҳам дар рушди ҷомеа саҳмгир буда метавонад.
Бозор Собир аз зиёини кишвар даъват ба амал овард, ки атрофи сарвари давлат муттаҳид шаванд ва изҳори тааҷҷуб намуд, ки аҳзоби зиёди сиёсӣ барои Тоҷикистони кӯчак чӣ зарурате дорад.
«Дар Тоҷикистон аз ҳад зиёд авомфиребони нозарур пайдо шудаанд, ки бояд ҷояшонро ба нерӯҳои солимфикр диҳанд», - таъкид кард шоир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста