Рӯзи 31-уми май аъзои Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон чорабинии анъанавии ёдбуди хотираи синамогарони фавтидаро доир месозанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Иттиҳоди синамогарони ҷумҳурӣ Сафар Ҳақдодов дар ин робита иттилоъ дод, ин чорабинӣ шурӯъ аз соли 2000 то инҷониб гузаронида шуда, ташаббускори он коргардони маъруф Тоҳир Собирови марҳум мебошад.
«Ҳамасола рӯзи 31-уми май арбобону ҳаводорони ҳунари кино барои ёдбуди хотираи синамогарону кормандони соҳаи кино ба оромгоҳҳои шаҳрии «Лучоб» ва «Сари Осиё» мераванд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли номбурда, нимаи рӯз дар Хонаи кинои пойтахт таҳти унвони «Мо дар хотир дорем» (Мы помним) филм намоиш дода мешавад, дар он давоми 30 дақиқа фотокадрҳои беш аз 100 нафар арбобони кинои саҳмгузор дар рушди индустрияи синамои Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1929 пешкаш мегардад.
«Худи ҳамон рӯз 10 нафар арбобони ҷавони соҳаи кино ба узвияти Иттиҳоди синамогарон пазруфта шуда, шумори аъзои Иттиҳод то ба 140 нафар мерасад», - афзуд С.Ҳақдодов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста