Ахири ҳафтаи гузашта дар Маркази давлатии фарҳанги шаҳри Ашқобод маросими пуршукӯҳу мутантани ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев хабар дод, ҳайати намояндагони аҳли ҳунару фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистонро муовини нахуствазир кишвар Руқияи Қурбонова сарварӣ мекунад. «Ба ҳайат ҳунармандони Филармонияи давлатӣ ва гурӯҳҳои эҷодии Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ шомиланд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли Достиев, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон то рӯзи 6-уми июн идома ёфта, дар чаҳорчӯби он дар Вазорати фарҳанги ин кишвар мулоқоти ҷонибҳо оид ба рушди муносиботи фарҳангӣ ва табодули таҷриба дар ин самт доир мегардад.
«Ҳамчунин дар осорхонаи ҳунарҳои рассомии Туркманистон намоишгоҳи ҳунари дастӣ ва асарҳои рассомони Тоҷикистон боз шуда, дар маркази кинову консерти «Туркманистон» филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон намоиш дода мешаванд», - зикр кард номбурда.
Муовини вазир ҳамчунин гуфт, дар Маркази кинову консерти «Ватан» ва вилояти Лебоп консерти дастаҳои ҳунарӣ ва рақсии Тоҷикистон барпо хоҳанд шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста