Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барандагони ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Турсунзодаро эълон кард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз аъзои раёсати Иттифоқи нависандагон Гулназар Келдӣ иттилоъ дод: «Аввали сол озмун эълон карда шуд, довталабон хеле зиёд буданд. Дар марҳилаи охир, ки 5-нафарӣ монда буданд, барандагони ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Марямбонуи Фарғонӣ, Насими Раҷаб ва дар ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода шоирон Раънои Мубориз ва Давлати Сафар ғолиб омаданд. Ва мо онҳоро табрик мегӯем».
Мавсуф инчунин изҳор дошт, ки дар маҷлиси дирӯза 17 нафар аъзои раёсати ИН Тоҷикистон овоз доданд. Овоздиҳи пинҳонӣ гузашт ва он хеле шаффоф ҷараён гирифт.
Аз рӯйи иттилои ИН Тоҷикистон, 29-уми июни соли ҷорӣ ба ҳар як барандаи ҷоиза - Марямбонуи Фарғонӣ («Шаҳболи хаёл»), Насим Раҷаб («Даргоҳи меҳру вафо»), Раънои Мубориз («Лаъли Бадахшон») ва Давлат Сафар («Авҷи парвоз») диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1000 доллари амрикоӣ супорида мешавад.
Марямбонуи Фарғонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт: «Барои ман хабари баранда шудани китобам ба ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ хеле хабари хуш буд. Албатта, то лаҳзаи охир намедонистам, ки ин мукофот насиби кӣ мегардад. Зеро барои дарёфти ҷоиза нависандагони зиёде довталабӣ карданд. Китоби ҳафтуми банда «Шаҳболи хаёл» маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳоест, ки мазмуни умумиашон ба ҳам хеле наздиканд, яъне хонандаро ба худогоҳии миллӣ ҳидоят месозад».
Раънои Мубориз, ки барандаи ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гашт, дар бораи эҳсосоти хеш гуфт: «Таассуротам, албатта, аз ин озмун рангин аст. Ба воситаи ин озмун қаламам, маҳоратам ва истеъдодамро санҷидам. Ба ин восита хостам бифаҳмам, ки шеъри банда аз ҷониби устодон чӣ гуна баҳогузорӣ мешавад. Билохира ба ҷоизаи олии адабии ба номи Мирзо Турсунзода ноил шудам ва хеле сарбаланд ҳастам».
Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ соли 1988 таъсис дода шудааст ва ҳар ду сол барои асарҳои насрии беҳтарини сол дода мешавад. Аз аввалин барандагони ин мукофот Бахтиёр Муртазоев, Маҷиди Салим, Шералӣ Мӯсо ва Абдунабӣ Сатторзода буданд.
Чоизаи ба номи Мирзо Турсунзода соли 1989 созмон дода шуда, аз барандагони он Баҳром Фирӯз, Гулназар Келдӣ, Ҳақназар Ғоиб, Нуқраи Суннатниё, Гурез Сафар ва дигарон буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста