Бозор Собир ба спектакли Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов «Шабе дур аз Ватан», ки дар асоси асари худи шоир аз ҷониби коргардон Нозим Меликов ба саҳна гузошта шудааст, баҳои баланд дод.
25-уми июн пас аз тамошои намоиши театрӣ, ки дар он нақши шоирро артисти шоистаи Тоҷикистон Абдумӯъмин Шарифӣ иҷро кардааст, Бозор Собир гуфт: «Як саҳнаи фишурдаи олӣ буд, ки дар он тамошобин бо актёрҳо тақрибан нафас ба нафас рӯ ба рӯ буданд. Пеш аз ҳама он бисёр шоирона буд, яъне карру фарри зиёд надошт, оддӣ буд ва дар миёни дафтару китоб мегузашт. Ман фикр кардам, ки дар хонаи худам ҳастам, на дар саҳна».
Муовини сардори театр Зиёбой Тошев дар суҳбат ба ИО «Азия-Плюс» гуфт, ки «Шабе дур аз Ватан» соли 2011 руйи саҳна омад ва аввалин маротиба дар Озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту -2011» пешкаши алоқамандони хунари театрӣ гардидааст.
«Дар ҷамъбасти ин озмун спектакл сазовори ҷойи дуюм гашт ва ба иҷрокунандаи нақши ровӣ Абдумӯъмин Шарифӣ ҷоизаи озмун насиб гардид. Баъдан бо даъвати вазири фарҳанг ва иттилооти Афғонистон намоиш ба Кобул бурда шуд. Ҳамчунин дар Фестивали байналмилалии театрҳои майдонӣ дар Бишкек ба маърази тамошо гузошта шуд. Соли 2012 спектакли мазкурро тамошобинон дар Фестивали намоишҳои хурд «Молдфест.Рампа.ру» ҳам диданд. Пасон, аз 22-30-юми марти соли ҷорӣ «Шабе дур аз Ватан» дар Фестивали байналмилалии намоишҳои кӯчак «CHELоВЕК ТЕАТРА» манзури ҳаводорони театр гардид. Дар Тоҷикистон он маротибаи 154-ум пешкаш мегардад», - гуфт Тошев.
«Шабе дур аз Ватан» дар жанри «андешаҳои театрӣ» аз ашъори Бозор Собир бе мувофиқа бо муаллиф ба саҳна гузошта шудааст. Дар он алам ва дарди шоире, ки дур аз Ватан аст ва ёди зодбумаш ӯро ҳамеша думболагирӣ мекунад, инъикос ёфтааст. Нақши рӯъёро Мохпайкар Ёрова офаридааст.
Mahpora Kiromova''s Slidely by Slidely - Slideshow maker




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста