Аз 5-ум то 10-уми сентябр дар Душанбе анҷумани ҳаштуми ҷамъияти тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон баргузор мегардад.
Ба ин чорабинӣ намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон аз ҷамоҳири пасошӯравӣ, кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико даъват шудаанд. Тавре як манбаи мӯътамад аз ҳукумати кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, масъалаи омодагӣ ва баргузории анҷуман дар рафти ҷаласаи баргузоршудаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ гардид.
«Меҳмонон ва иштирокдорони анҷуман аз тамоми манотиқи Тоҷикистон боздид карда, дар барномаи густардаи анҷумани мазкур ширкат меварзанд. Ғайр аз он, 9-уми сентябр вохӯрии онҳ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барномарезӣ шудааст»,-қайд намуд манбаъ.
Ба қавли ӯ, донишмандони машҳури тоҷик, сиёсатмадорон, соҳибкорону тоҷирон, намояндагони зиёиёни эҷодкор, ки дар хориҷи кишвар истиқомат доранд, аз ҷумлаи меҳмонони ин анҷуман маҳсуб мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки анҷумани ҳафтуми ҷамъияти тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон сентябри соли 2008 дар Душанбе доир гардида буд. Раиси ҷамъият Эмомалӣ Раҳмон-президенти Тоҷикистон аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста