Заргарони тоҷик ният доранд, ки соати кабинетии «Ҳисор-3000»-ро, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 3000-солагии ноҳияи Ҳисор сохта мешавад, барои номнавис шудан дар Китоби рекордҳои Гиннес пешниҳод кунанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» заргар-кандакор Михаил Галанов хабар дод, соати мазкур ҳамчун ягона маснӯоти заргарӣ дар саросари ҷаҳон аз нуқраи озмоиши дараҷаи 900 ва сайқалдодашуда бо 3 ҳазор лаъли кабуд бо вазни умумии 3 ҳазор унсияи сегона (тақрибан 93 килову 300 грамм) метавонад ба Китоби рекордҳои Гинес дохил гардад.
Ба қавли ӯ, айни замон маснӯоти тайёри заргарӣ бо 2,5 ҳазор сангҳои қиматбаҳо рекордӣ шуморида мешавад. «Зимни бунёди пояи соат гудохтаи нафис аз тилои озмоиши дараҷаи 900 бо вазни умумии 3 ҳазор грамм истифода хоҳад шуд», - иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин гуфт, баландии соат 1,6 метр ва бараш 1,2 метрро ташкил дода, маблағи лоиҳа 600 ҳазор доллари ИМА арзёбӣ мешавад. Фармоишгар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор аст.
Қобили зикр аст, ки соли 2015 3000-солагии ноҳияи Ҳисор ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат таҳия ва тасдиқи логотипи рекорди заргарӣ, нишони шаҳри Ҳисор, медали ҷашнии «Ҳисор-3000»ва ҳамчунин медалҳои «Сокини фахрии Ҳисор», «Меҳмони фахрии Ҳисор», медалҳои хотиравии «Ҳисор-3000», нишонаи «Ҳисор-3000» ва дигар маснӯоти ҷашнӣ дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста