19-уми июл таҳти раёсати нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи Кумитаи ташкилӣ оид ба омодагӣ ба ҷашнвораи 3000-солагии Ҳисор доир гардид.
Тавре дафтари матбуоти сарвазир хабар медиҳад, бахшида ба ҷашни Ҳисор сохтмон ва бозсозии як қатор иншоот, аз ҷумла сохтмони варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, китобхонаҳо, осорхона, чойхонаҳои миллӣ ва иншоотҳои аҳамияти таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангидошта пешбинӣ шудааст.
Нахуствазир ба аъзоёни Кумитаи ташкилӣ супориш дод, ки нақшаи чорабиниҳоро бо назардошти пешниҳодоти асоснок бознигарӣ кунанд ва онро ба баррасии ҳукумати кишвар ироа намоянд. Таҷлили 3000-солагии Ҳисор дар соли 2015 тарҳрезӣ шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста