Лоиҳаи қарор дар бораи танзими сафарҳои ҳунармандонро, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таҳия гардида буд, то ҳол мавриди таҳлил ва бозбинӣ қарор дорад. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вазир, баъди моҳи январ ба рӯзноманигорон хабар додани таҳияи санади мазкур ва имкони нимаи соли равон қабул гардидани он аз ҷониби ҳукумат, аксаран аз ин ташаббуси вазорат изҳори норозигӣ карданд.
«Иттилоъи мазкур вокуниши зиёд ба бор овард – ҳам бар зидди ону ҳам ба ҷонибдориаш андешаҳои бисёре изҳор гардиданд. Аз ин рӯ, бо назардошти ин андешаҳо, мо омӯзиш ва таҳлили ҷанбаҳои ҳуқуқии ин санадро идома дода, ҳамчунин бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати бозбинии лоиҳаи қарори мазкур ҳамкорӣ дорем», - гуфт М.Асрорӣ.
Ба қавли ӯ, пас аз таҳлилҳои зиёде таҳиягарон мутмаинанд, ки қабули чунин санад зарур аст, зеро дар аксари кишварҳои ҷаҳон сафарҳои ҳунармандон танзим мешаванд. «Ин барои натанҳо дар дигар кишварҳо фарҳанги тоҷиконро намояндагӣ кардани онҳо, балки барои таъмини амнияти сафари онҳо дар хориҷи кишвар зарур аст», - чунин мешуморад вазир.
Ёдрас мекунем, ки 21 январи соли равон вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуда буд, ки лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи танзими ҳама гуна сафарҳои ҳунармандон мавриди таҳия қарор дорад. Аз ин хабар чанде аз ҳунармандони тоҷик изҳори тааҷҷуб намуда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста