Рӯзи 19-уми август дар боғи ботникии «Боғи Ирам»-и пойтахт фестивали ҷумҳуриявиии ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад. Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ созмон дода шуда, дар доираи чорабиниҳои Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор мешавад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар фестивал ҳунармандони тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла заргарону оҳангарон, дуредгарон, зардӯзон, кулолгарон ва намояндагони дигар ҳунарҳои мардумӣ бо маснӯоти худ иштирок мекунанд.
«Барои сокинону меҳмонони пойтахт намоишгоҳи шириниҳо, хӯрокҳои миллӣ, мева ва нӯшокиҳо ташкил карда мешавад. Тамошобинон аз ҳунарнамоии дорбозону мусиқачиён ва артистҳо баҳра бурда метавонанд», - гуфтанд дар вазорат.
Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, дар доираи фестивал баргузор намудани консерти дастаҳои фолклорӣ ва гурӯҳҳои ҳунарӣ аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар низ дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста