Аввалин суруди сиёсӣ дар мавзӯи интихобот аз тарафи овозхони ҷавони Қурғонтеппа Фазлиддин Раҳмонов дар рӯзҳои наздик дастраси мухлисон хоҳад шуд.
Бино ба гуфтаи Раҳмонов, мақсади аслии суруди мазкур баланд бардоштани фарҳанги сиёсии шаҳрвандон аст. Дар таҷрибаи овозхонии ӯ, ба гуфтаи ҳунарманд, ин аввалин суруди сиёсист, ки махсус ба мавзӯи интихобот бахшида шудааст.
«Идеаи ин сурудро барои банда яке аз дӯстони рӯзноманигорам Рустами Сафар пешниҳод кард ва ба ман ҳам бисёр хуш омад, ки дар баланд бардоштани фарҳанги сисёии шаҳрвандон саҳмгузор бошам. Ман ба яке аз шоири маъруфи кишвар Усмон Билолӣ, ки ҳамкориҳои наздик дорем, хоҳиш кардам, матни сурудро бинависад. Ва ӯ дар як муҳлати кӯтоҳ ин матнро бароямон эҷод кард. Аз сабаби он ки таҷрибаи аввал аст, банда аз барои бастани оҳанг ба оҳангсоз Астана Гулматов муроҷиат кардам. Айни замон суруд омода аст ва дар рӯзҳои наздик пешкаши ҳамватанон хоҳад шуд. Умедворам, аз тарафи мухлисону шунавандагони тоҷик хуб қабул хоҳад шуд», - гуфт Раҳмонов.
Ӯ ҳамзамон қайд кард, ки дар суруд аз касе ҷонибдорӣ карда намешавад. Он танҳо мардумро ба ширкати фаъолона дар интихобот даъват месозад.
Муаллифи матни суруд Усмон Билолӣ дар сӯҳбат бо Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт: «Ман дар мавзӯъҳоиои гуногун шеърҳои зиёдеро офаридаам. Аз ҷумла дар мавзӯи ватандустию сулҳ, аммо дар мавзӯи интихобот таҷрибаи аввал аст»,-қайд кард Билолӣ.
Бояд гуфт, ки дар таҷрибаи интихоботии Тоҷикистон ин шояд аввалин суруде бошад, ки дар васфи интихобот суруда мешавад. Ба гуфтаи Фазлиддин Раҳмонов, клипи ин суруд дар наздиктарин муҳлат омода хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста