Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Китоб ва арзишҳои умумиинсонӣ» намоишгоҳи III-уми байнулмилалии китоб ба кор шурӯъ намуд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ дар бинои муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ, президенти Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, муовини раиси Иттиҳоди навсиандагон Абдулҳамид Самадов, сафири Эрон дар ҶТ Алиасғари Шеърдӯст ва дигарон ширкат варзиданд.
Пас аз ифтитоҳи намоишгоҳ маросими муаррифномаи китоби аз ҷониби нашриёти «Адиб» чопшудаи А.Самад «Санги маҳак ва тарозуи ҳунар» баргузор шуда, сипас бо адибон вохӯрӣ доир гардид.
Нимаи дуюми имрӯз дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Ташкили маркетинги китоб дар нашриёт» конфронси байнулмилалии илмӣ баргузор шуда, дар бинои «Душанбе-Плаза» муаррифи ҷилди дуюми тозанашри «Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон» барпо мегардад. Кори намоишгоҳи байнулмилалӣ то 6-уми сентябр идома меёбад.
Дар доираи намоишгоҳ баргузории чорабиниҳое аз қабили семинари «Ороиши китоб барои кӯдакон» дар нашриёти «Адабиёти бачагона» ва конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Китоб ва рушди фарҳанги иттилоотии ҷомеа дар шароити муосир» дар Китобхонаи миллӣ дар назар аст.
Ғайр аз ин, дар ин рӯзҳо маросимҳои муаррифиномаи як қатор китобҳои нав ва вохӯриҳо бо нависандагон гузаронида мешаванд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти чопии нашриёти 17 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ИМА, Арманистон, Афғонистон, Белорус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Русия, Украина, Гурҷистон, Ҳиндустон, Туркия, Озарбойҷон, Покистон ва Молдова ба маърази тамошо гузошта шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста