Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Раиси шаҳри душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Раёсати фарҳанги мақомоти шаҳрдорӣ супорш додааст, ки дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти давлатӣ дар боғу хиёбон ва гулгаштҳои шаҳри Душанбе ба ин муносибат чорабиниҳои идона созмон диҳанд.
Чорабиниҳои идона дар боғҳои фарҳангу фароғати Рӯдакӣ, «Боғи Пойтахт», «Дӯстии халқҳо», «Кӯли Комсомол», «Садриддин Айнӣ ва майдони «800-солагии Маскав» баргузор мешаванд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таъмини амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷараёни чорабиниҳои идона муваззаф шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 5-уми октябри соли 2009 Қонуни нав «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Санаи 21-уми июли соли 2011 сарвари давлат Қонун дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» ва Кодекси меҳнати ҶТ-ро ба имзо расонид. Мувофиқи ин тағйирот, аз ин ба баъд ҳамасола дар Тоҷикисон санаи 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Қаблан шурӯъ аз соли 1989 Рӯзи забони давлатӣ санаи 22-юми июл – рӯзи қабули қонуни пешина «Дар бораи забони давлатӣ (соли 1988) таҷлил мегардид.
Қобили зикр аст, ки имрӯз ҳамчунин сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзашро ҷашн мегирад. Имрӯз сарвари давлати Тоҷикистон 61-сола шуд.
Аз соли 1992 то соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои олии Тоҷикистон фаъолият дошт. Санаи 6-уми ноябри соли 1994 ба мансаби расиҷумҳури Тоҷикистон интихоб шуд. Солҳои 1999 ва 2006 боз ба мақоми президенти кишвар интихоб гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста