Пас аз хомӯшии чаҳорсола овозхони маъруфи тоҷик Парвиз Назаров таҳти унвони «Золотые облака» (Абрҳои тиллоӣ) ва «Буду с тобой» (Бо ту хоҳам буд) ду албоми (маҷмӯаи сурудҳо) нави худро пешкаши ҳаводоронаш намуд.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Қазоқистон, чанд рӯз қабл маросими муаррифии албомҳо баргузор шуда, дар фарҷоми он Парвиз Назаров ба ҳозирин клипи нави видеоии худро бо забони модарии форсӣ намоиш додааст.

Худи овозхон эътироф мекунад, ки маҷмӯаи ахири сурудҳои худро ҳанӯз соли 2009 таҳия намуда, аз соли 2010 имсол ҳудуди 40 сурудаш гирдоварӣ шудаанд, ки онҳоро ӯ ба ду албом тақсим кардааст.

Парвиз Назаров соли 1971 дар шаҳри Маскав ба дунё омада, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ ва дар ҳамин ҷо ба воя расидааст. Соли 1993 ӯ ба Алмаато кӯчида, то ҳанӯз дар ин шаҳр фаъолияти эҷодии худро идома медиҳад.