Ҳунарманди тоҷик Таҳмина Раҷабова ба ҷоиза дар номинатсияи «Беҳтарин акстриса»-и ҷашнвораи байнулмилалии «International Film Festival» дар Ҳиндустон сазовор дониста шуд. Ин ҷоизаро ӯ барои иҷрои нақш дар филми «Марде дар орзуи зани панҷум» соҳиб шуд.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Таҳмина Раҷабова дар ин робита иттилоъ дод, ки дар филм дар маҷмӯъ панҷ нақши занона буда, ҳайати ҳакамон нақши ӯро беҳтарин арзёбӣ намудаанд. «Филм дар бораи занони афғон, ки аз ҳуқуқи овозу интихоб маҳруманд, ҳикоят мекунад», - иброз дошт ӯ.
Филми «Марде дар орзуи зани панҷум» соли 2011 бо дастгирии фаннии Ҳиндустон аз ҷониби коргардон Сиддиқ Обидӣ дар музофоти шимолии Афғонистон наворбардорӣ шудааст. Ин филм соли гузашта дар ҷашнвораи байнулмилалии кино (BIFF) дар шаҳри Бостон (ИМА) низ соҳиби ҷоиза гардида буд. Ба ҷуз Т.Раҷабова дар филм ҳамчунин боз ду шаҳрванди Тоҷикистон – Шаҳноза Бӯриева ва Бердӣ Менглиев низ нақш офаридаанд.
Ба гуфтаи актриса, баҳори соли оянда филм ба Тоҷикистон оварда шуда, дар мувофиқа бо «Тоҷиккино» ба тамошобинони тоҷик намоиш дода мешавад.
Таҳмина Раҷабова ба ҳайси ровӣ дар шабакаи телевизионии «Сафина» фаъолият дошта, ин мукофоти нахустинаш барои ҳунари актёрӣ аст. Айни замон ӯ рӯйи таҳияи филми «Марҳила» кор мекунад, ки соли 2014-ум омода мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста