Дар кинофестивали III-уми байнулмилалии кишварҳои ИДМ, Балтия ва Гурҷистон таҳти унвони «Қирғизистон – кишвари филмҳои кӯтоҳмуддат», ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Бишкек ба итмом расид, филми кӯтоҳмуддати коргардони тоҷик Шарофат Арабова «Между» (Дар байн) соҳиби ҷоиза гардид.
Бино ба иттилои дастандаркорони фестивал, филми «Между» дар номинатсияи «Филми беҳтарин» ғолиб дониста шуд.
Дар ин филми коргардони тоҷик аз рӯзгори муҳоҷирони қавмҳои гуногун дар Ҳиндустон ҳикоят карда мешавад, ки яке хушбахту дигаре нисбатан бадбахттар дар ҷустуҷӯи мероси тааллуқдоштаашон дар ҷаҳони нав «дар байне» дармондаанд.
Шарофат Арабова соли 1997 Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ва соли 2006 бо дипломи аъло шуъбаи фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро хатм намуда, давоми солҳои 2006-2007 дар Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ҳайси ороишгари сарулибос дар спектаклҳо фаъолият намудааст.
Аз соли 2007 гирандаи идрорпулӣ (стипендиат)-и Консулгарии Ҳиндустон оид ба робитаҳои фарҳангӣ (ICCR) ва донишҷӯи шуъбаи коргардонии кинои Донишкадаи кино ва телевизиони Ҳиндустон (FTII) дар шаҳри Пуна буд, ки онро моҳи феврали соли 2013 муваффақона хатм кард.
Аз моҳи сентябри соли 2006 то имрӯз унвонҷӯ (аспирант)-и Шуъбаи таърихи фарҳанги Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ (этнография)-и ба номи А.Дониши Академияи улуми Тоҷикистон мебошад, ки рӯйи таърихи кинои тоҷик таҳқиқот анҷом медиҳад. Хатмкардаи Киноакадемияи Осиё (AFA) дар шаҳри Пусан (Корея, соли 2012) ва яке аз ду нафар иштирокчиёне аст, ки бо идрорпулии Dongseo University қадрдонӣ шуда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста