Муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова оид ба масъалаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 100-умин солгарди оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Зиёдулло Шаҳидӣ машварати корӣ доир намуд.
Тавре аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, М.Ҷабборова ба мақомоти раҳбарии Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизиону радио, Китобхонаи миллӣ, Иттиҳоди оҳангсозони ҷумҳурӣ ва Фонди байнулмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ ҷиҳати баргузор намудани як силсила чорабиниҳо ба муносибати ҷашни солгарди оҳангсоз дастуру супоришҳои мушаххас дод.
«Дар доираи таҷлили ҷашни 100-умин солгарди Зиёдулло Шаҳидӣ дар ҷумҳурӣ як силсила мизҳои гирд, озмун, ҷашнвора ва консертҳо доир гардида, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти оҳангсоз китобҳо ба нашр мерасанд», - гуфтанд дар котиботи нахуствазир.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста