Дар ноҳияи Ҳисор барои фестивал-озмуни «Андалеб-2014» омодагиҳоро шурӯъ карданд.
Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи фарҳанги раиси ноҳия Парвиз Пулодӣ иттилоъ дод, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омодагиҳо шӯъбаи фарҳанги ноҳия ҳунармандони халқиро аз қабили Комилчон Ғаниев, Латиф Камолӣ, Одилҷон Ғаниев, Чуҳрибону Асоева пешбарӣ карданист.
«Мо ба хулоса омадем, ки барои дар сатҳи олӣ баромад кардани ҳунармандони ноҳия, бояд омодагиҳоро аз ҳоло шурӯъ кунем. Гурӯҳҳои ҳунарӣ аз зумраи ҳунармандони ҷавон таъсис дода мешаванд, ки ҳар яки онҳоро устодони варзидаи санъати ноҳия роҳбарӣ мекунанд. Барои дарёфти чеҳраҳои нави санъати мардумӣ айни замон миёни толибилмони мактабҳои миёна ва деҳаҳои ноҳия корҳо бурда мешаванд», - гуфт Пулодӣ
Фестивал-озмуни «Андалеб» ҷумхуриявӣ буда, ҳар ду сол як маротиба баргузор мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста