Чанде қабл коргардони маъруфи театр Барзу Абдураззоқов барои кор дар Театри давлатии академии русии ба номи Чингиз Айтматов аз Душанбе ба Бишкек раҳсипор шуд.
Номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки маҷбур аст, ки муҳоҷирати кориро ихтиёр намояд, «зеро ӯ бояд кору зиндагӣ карда, дар Тоҷикистон вазъаш номуайян буд». «Ман ба мақомоти шаҳрдорӣ ташкили студияи омӯзиши маҳорати актёрӣ барои хоҳишмандон ва донишҷӯёни Донишкадаи ҳунарро пешниҳод кардам, вале ба он таваҷҷуҳ зоҳир накарданд», - иброз дошт коргардон.
Барзу Абдураззоқов мегӯяд, муваққатан ҳиҷрат ба хориҷи кишварро ихтиёр кардааст, зеро ба ӯ дар ду кишвар – Қирғизистон ва Русия ба муддати 3 сол тибқи қарордод кор пешниҳод шудааст.
«Ҳозир ман ба назди вазири фарҳанги Қирғизистон меравам. Ӯ маро ба назадаш даъват карда, мо масъалаи корамро дар Театри давлатии академии русии ба номи Чингиз Айтматов баррасӣ мекунем. Ба ман пешниҳод шуд, ки дар ин ҷо курси академии худро ташкил кунам», - зикр кард ӯ.
Ба қавли коргардон, ӯ муваққатан Тоҷикистонро тарк мегӯяд, лекин шояд минбаъд дар хориҷа бимонад. «Ман ба ҷойе раҳсипор шудам, ки дар он ҷо зарураму ба ман эҳтиёҷ доранд», - афзуд Б.Абдураззоқов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста