Дар робита ба Тоҷикистонро тарк гуфтани коргардони шинохта Барзу Абдураззоқов, муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Пиров зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки қадршиноси ҳақиқии ҳунар ва коргардони содиқ ватани худро тарк карда наметавонад ва "агар Барзу аз мо бошад, ӯ боз бармегардад".
Пиров гуфт, чанд рӯз қабл ӯ дар вазорат бо Барзу мулоқот ва ба ӯ изҳор намудааст, ки агар ӯ намоишномаеро ба саҳна гузоштанӣ бошад, пас вазорат метавонад ӯро дастгирӣ кунад, вале Барзу посух додааст, ки алҳол чунин нақшаҳоеро дар сар надорад, зеро дар Бишкек қарордоде бастаасту муваққатан ба ҳамон ҷо меравад.
«Агар Барзу ватандӯст бошад, ӯ набояд назди кишвари худ шартҳоеро гузорад, балки баҳри шукуфоӣ ва пешравии он заҳмат кашад. Чун ӯ баҳри маблағ ба Бишкек рафтааст, пас оянда бо маблағ аз он ҷо бармегардад», - иброз дошт Пиров.
Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, музди меҳнати миёнаи коргардони театр дар Тоҷикистон 684 сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбеков, айни замон норасоии кадрҳо, бахусус истеъдодҳои ҷавон дар бахши ҳунари театрӣ ба мушоҳида мерасад ва як худи Абдураззоқов ҳамаи мушкилоти ин соҳаро ҳал карда наметавонад.
Муовини аввали вазир фарҳанг ҳамчунин зикр кард, ки аз даъвати Барзу Абдураззоқов ба Бишкек ҳама бояд ифтихор дошта бошанд, чунки ӯ намояндаи Тоҷикистон аст. «Агар Вазорати фарҳанги Қирғизистон Абдураззоқовро даъват карда тавонад, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ ба даъвати коргардонҳои хориҷӣ ҷиҳати тахияи намоишномаҳо қодир аст», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл коргардони маъруфи театр Барзу Абдураззоқов барои кор дар Театри давлатии академии русии ба номи Чингиз Айтматов аз Душанбе ба Бишкек раҳсипор шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста